Cаволҳои умумӣ

Дар ин ҷо шумо метавонед саволҳои зуд-зуд додашавандаро аз корбарони мо ва ҷавобҳои онҳоро бубинед.
Бе иҷозатнома фаъолият кардан мумкин аст?

Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати бе иҷозатнома фаъолият кардан ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар кадом ҳолат иҷозатнома гирифта намешавад?

Ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад.

Соҳибкори инфироди ҳуқуқи гирифтани иҷозатномаро дорад?

Ҳуқуқ надорад, ба истиснои фаъолияти васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ.

Барои воридоти гази моеъ иҷозатнома дода мешавад ? Ҷавоб: мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2015, № 136 барои ворид намудани газҳои моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор муайян гардидааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои об намояндагии худро дар дигар шаҳру ноҳияҳо дорад?

Не

Иҷозатнома дар чанд руз омода мегардад?

Дар давоми 30 рузи тақвимӣ.

Чи тавр маблағ пардохт карда мешавад?

Бо тариқи бонкҳо

Ба ғайр аз директори ҷамъият шахси дигар варақаи аслии иҷозатномаро аз Вазорат гирифта метавонад?

Дар ҳолати додани ваколатнома (боваринома) ба шахси дигар метавонад иҷозатномаро гирад.